Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фурудгоҳи Тоҷикистон дигар ба эрониён виза намедҳад

Тоҷикистон додани виза ё раводиди сафар ба шаҳрвандони Эронро дар фурудгоҳи Душанбе қатъ кардааст. Акнун шаҳрвандони Эрон, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, бояд аз консулгарии Тоҷикистон дар Теҳрон ё Машҳад раводид бигиранд.

Ширкати “Осмон”-и Эрон ба фурӯшандаҳои билет дастур додааст, ки аввал визаи мусофиронро дида, сипас барояшон чипта диҳанд. Рустам Қурбонов, корманди “Осмон” дар Душанбе мегӯяд, «дар парвози рӯзи панҷшанбеи гузашта аз Эрон ба Тоҷикистон, ба далели надоштани визаи Тоҷикистон, чиптаи 40 мусофир бекор карда шуд».

Як корманди Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабари бекор шудани “визаҳои фурудгоҳӣ” ба шаҳрвандони Эронро тасдиқ кард. Вай аз ироаи ҷузъиёти ин тасмим худдорӣ кард ва танҳо гуфт, «ин маҳдудият муваққатӣ аст”. Ин маҳдудият барои шаҳрвандони кишварҳои дигар ҷорӣ нашудааст.

Лағви судури «визаи фурудгоҳӣ» барои эрониёне, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дар ин авохир дучори танишҳо шудаанд. Як нуқтаи авҷи ин танишҳо моҳи декабри соли 2015, дар пайи ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шудани раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот кардани ӯ бо раҳбари руҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. патриот 25.10.2016 15:16

    хамин эронихо камтар дар чахон обру доштанд аз авлоди точикон хаминхоро хам гам дихед форсро эрнихо муаррифи накунанд аз дасти точик хок намеёяд

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.