Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фурӯши кудак бо арзиши ҳазор доллар

Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон як модари ҷавон кӯшиш кардааст, ки духтарчаи навзодашро ба маблағи 10 миллион сӯм (980 доллар) фурушад.

“Шаҳрванд Ф.Н.-и 28-сола, дар аввал ба таври қонунӣ розӣ шудааст, ки тифли навзоди худро ба шаҳрванд Ю.Т. ба фарзандхони диҳад ва барои ин хароҷот ва дорувории ҳангоми таваллуд сарфшуда 1,7 миллион сӯм (165 доллари ИМА)  аз номбурда дарёфт кардааст.  Аммо пас аз чан рӯз қарори худро тағир дода барои тифли навзодаш 10 миллион сӯм талаб кардааст. » — гуфта мешавад дар Раёсати тафтишоти ВКД-и Узбекистон.

Манбаъ меафзояд, ки дар асоси аризаи шаҳрванд Ю.Т., ки  3 июл ба мақомоти корҳои дохилии Узбекистон ирсол гардида буд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як чорабинии фаврӣ баргузор намуда, ҳангоми гирифтани 10 миллион сӯм модари духтари навзодро дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашиданд.


-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.