Гӯсфанди сархӯр, сари чӯпонро хӯрд…

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли маргбори ду чӯпон барои як гӯсфанд хабар додааст

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти сокини 42-солаи ноҳияи Ашт хабар дод, ки дар марги як чӯпон айбдор мешавад.

Ба гузориши мақомоти умури дохилӣ, ҳодиса дар чарогоҳи деҳаи Даҳана дар заминаи баҳс барои як гусфанд рух додааст.

ВУД мегӯяд, чӯпони 42-сола бо ҳамкори 40-солааш, ки ба мардуми деҳаи Даҳанаи Ашт хидмат мерасондааст, ҷанҷол карда, ба шикамаш бо корд зарба задааст. Ба гузориши ВУД, ҷабрдида аз хунравии зиёд, як соат баъди рух додани ҳодиса ҷон додааст.

Тибқи гузориш, асли қазия дар он будааст, ки рамаҳои ин ду чӯпон омехта шудаанд ва марди муттаҳам даъво кардааст, ки аз се моли майда, ки ба рамаи ҳамкораш гузаштаанд, ду сараш баргардонда шуду як сари дигараш не. Онҳо сари ин мавзӯъ баҳ карда,  сӯи ҳамдигар кордкашӣ мекунанд. Дар натиҷаи кордзанӣ миёни ду чупон он ба марги яке аз онҳо анҷомидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан чӯпони муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *