Гӯшт – 45 сомонӣ. Нархро кӣ назорат мекунад?

Бегоҳии рӯзи 29 – уми апрел ба бозори Сафариён (маъруф бо Аҷинабозор) барои хариди гӯшт рафтам. Тамоми дӯконҳо баста, танҳо ду дӯкони гӯшт кор мекард. Вақте нарх пурсидам, 44 сомонӣ гуфтанд. Табъам хира шуд, рост мегуфт бузурге, ки нархҳо моро мекушанд!

Дар ин шабонарӯзиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ сокинони пойтахт ва мардуми тоҷик аз боло рафтани нархи гӯшт эътироз карда истодаанд.

На танҳо аз болоравии нархи гӯшт, балки аз тамоми маводҳои озуқаворӣ.

Саъди Маҳдӣ, сокини пойтахт ва декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ менависад:

“Бегоҳии рӯзи 29 – уми апрел ба бозори Сафариён (маъруф бо Аҷинабозор) барои хариди гӯшт рафтам. Тамоми дӯконҳо баста, танҳо ду дӯкони гӯшт  кор мекард. Вақте нарх пурсидам, 44 сомонӣ гуфтанд. Дирӯз 40 сомонӣ буд, гуфтам, гуфтанд, ки мол қимат шуд. Табъам хира шуд, рост мегуфт бузурге, ки нархҳо моро мекушанд! Барои санҷиш роҳ гирифтем тарафи гӯштфурӯшони маҳаллаи 33, ин ҷо ҳам аҳвол аз ин бадтар, аксари дӯконҳо маҳкам, 3-4 дӯкон кор мекарданд. Нарх пурсидам, ҳуш аз сарам канд: — 45 сомонӣ. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки 43 қабул кардем. Гуфтам о 43 қабул накунед, чаро аз пеши худатон 1 — 2 сум неву 5 сомонӣ бардоштед? Ҷавоб надоданд. Баъд телефонро гирифтаму сурат гирифтам қиматфурӯшонро ва гуфтам, ки ба ҳукумати шаҳр муроҷиат мекунам. Дӯкони рақами 1 маро дида 43 карду паҳлӯяш 40 сомонӣ. Аз дӯкони паҳлӯяш 2 кило дар 80 сомонӣ гирифтам. Аз дӯкони рақами 1 номашонро пурсидам, Мирзоалӣ ва Казаков гуфтанд.

Ба Ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин қиматфурӯшонро ҷарима банданд. Махсусан назорат аз растаи гӯштфурӯшони маъруф ба 33 сахт карда шавад. Зеро инҳо на иқтисоди бозорро медонанду на рақобатро. Ин ҷо як гурӯҳи муфтхӯре ҳастанд, ки ҳар саҳар хеста, 1 сомон — 1 сомон нархи гӯштро бардоштан мегиранд. Парвои халқи бечораро надоранд. Танзими нарх аз ҳамин ҷо ба тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ меравад. Дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳамин ҷо гирифта нархи гӯштро мемонанд. Ё хубаш ҳамин гӯштфурӯшони 33-ро бастан даркор!”

Ин натанҳо дар пойтахти кишвар аст, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 1 килограмм гӯшт 48 – сомонӣ аст.

Болоравии нархҳо дар ҳамаи бозорҳои кишвар пеш аз саршавии моҳи шарифи Рамазон ба чашм мерасад ва ин ҳолат ҳар сол такрор меёбад. Гӯё ки боло рафтани нарх пеш аз моҳи шарифи Рамазон муд шуда бошад. Саволе ба миён меояд, ки нархро дар бозорҳои кишвар кӣ ба танзим медарорад?

Оё ягон ниҳоди махсусе ҳаст, ки аз болои нарх назорат бибарад? Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки сатҳи зиндагии мардум ниҳоят вазнин, музди меҳнат кам, об ва қувваи барқ қимат. Болоравии нарху наво ин як такони сахтест барои аҳолии кишвар. Ҳамаи мардум эътироз ва изҳори нигаронӣ доранд, вале ба доди онҳо кӣ мерасида бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *