Гӯсолаи якчашма

Дар ноҳияи Бардхамани Банголияи ғарбӣ дар Ҳиндустон гӯсолаи ғайриодие ба дунё омадааст, ки танҳо як чашм дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки гов дар кишвари Ҳиндустон ҷонвари муқаддас ба шумор меравад, бинобар ин, мардуми ҳинд ин гӯсолаи булаҷабро муъҷиза пиндошта, дар наздаш саҷда мекунанд. Онҳо умед доранд, ки бо шарофати ин ҷонвари якчашма рӯзгорашонро ободтар мешавад. Гӯсола бар замми якчашма буданаш тамоман бинӣ надорад. Модараш ин гӯсолачаи бадбахтро ба худ наздик шудан намемонад ва соҳибонаш ҷонварро аз шиша шир медиҳанд. Дар асл ин гӯсола бо бемории сиклопия тавлид ёфтааст. Ҷонварони гирифтори чунин беморӣ мурда тавлид меёбанд ё баъди ба дунё омадан ба зудӣ мефавтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *