Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ГАДОҲО. Туфайлихӯрӣ аз ҳисоби маъюбон

Мутаассифона, аз як ҷониб дар ҷомеаи мо мардуми содалавҳу содадил зиёданд ва аз ҷониби дигар афроде ҳастанд, ки аз содалавҳиву содадилии онҳо суиистифода мекунанд. Ба гурӯҳи аввал нафарони аз меъёр зиёд хайрхоҳ, яъне ману шумо  ва ба гурӯҳи дувум нафарони фиребгаре, ки дар ниқоби гадову талбанда паноҳ мебаранд, дохиланд.

Гадои зери чатр

Панҷ-шаш сол пеш назди собиқ бозори “Шоҳмансур” марде бо ду пойи бурида талбандагӣ мекард. Аз сарулибоси озодаи ба истилоҳ “ҳоҷипӯш”-аш маълум буд, ки аз ҳисоби талбандагӣ  даромади хуб ба даст меорад. Ӯ ҳаргиз ҷояшро иваз намекард ва ҳамеша зери як чатри офтобгир маблағ  ҷамъ мекард. Чӣ тавр омадану рафтани мард ҳисси кунҷковиамро бедор намуда, аз ҳамсоягони дар бараш буда ин саволро пурсидам. Марде, ки назди он маъюб рӯзнома мефурӯхт, сирри чӣ гуна омадану рафтани талбандаи хушлибосро ифшо кард: “Ӯро ҳар субҳ ду ҷавони ҳузарб бо як мошини сафеди гаронбаҳо оварда, зери ин чатр мегузоранд, чун бегоҳ шуд, боз пайдо шуда, аз ин ҷо мебарандаш”.

Аз гуфтаи он мард хулоса баровардан лозим, ки маъюби хушсарулибос манбаи хуби даромад мебошад ва ба ҳамин хотир он ду ҷавони ҳузарб, ки эҳтимол писар ва ё нафари наздикаш мебошанд, бо мошин  дар хизматанд.

Кӯдаки даруни ароба

Ҳамеша давоми кор хастагиамро бо нигаристан аз тирезаи ошёнаи 11-уми “Шарқи озод” рафъ мекунам, аммо аксар вақт як манзараи нороҳаткунандаро дида, табъам мегирад. Модар кӯдаки маъюбашро дар аробачае шинонда, дар гардиши рӯ ба рӯи ин бино талбандагӣ мекунад. Инсони солим тоқати дар ҳарорати 40-45 дараҷа гармӣ як соат истоданро надорад, чӣ расад ба кӯдаки маъюб. Вале кӯдаки бечора камаш 7-8 соат дар аробачаи маъюбӣ нишаста, ба модари туфайлихӯраш “даромад” меорад. Ана ин аст манзараи хастакунанда.

Қисмати ин кӯдаки бечора ҳам айнан мисли ҳамон пирамарди дар боло гуфтаам мебошад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамарӯза як мошини гаронбаҳо модару кӯдакро оварда, дар ҷои лозима гузошта, бегоҳ  ба хона мебарад.

Модари кӯдак дар суҳбат бо мо иқрор шуд, ки фарзандаш маъюби гурӯҳи якум мебошад ва барои маъюб буданаш аз ҳисоби давлат маблағ мегирад. Барои фарзанди маъюб доштани он зан Ҳукумат хизматрасониҳои коммуналиро 50% арзон карда будааст. Аммо хӯе, ки бо шир даромад бо ҷон мебарояд. Шояд ин тоифа мардум бӯи дороиро дар гадоӣ чашидаанд?

Пешниҳод ба Ҳукумат

Дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Ҳукумат падару модареро, ки фарзанди ноболиғашро маҷбуран ба коре равона карда, аз ҳисоби ӯ даромад мегирад “Апейка” мекунад, яъне аз ҳаққи волидайн будан маҳрум месозад.

Бигзор ин маҳрумсозӣ дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ гардад. Бигзор падару модари туфайлихӯр аз ҳисоби фарзанди ноболиғ аз ҳаққи волидайн будан маҳрум шавад. Бигзор баъзе аз ноболиғон ба ин васила аз асорати волидайни беинсофи манфиатхоҳ озод гарданд. Ё шояд ин ҷо сири дигаре ниҳон аст: кудак ба онҳо мансуб нест?

Охирсухан

Маъюб ҳамеша худро дар чаҳорчӯбаи асорату навмедӣ эҳсос мекунад. Новобаста аз ҷинс ва синну сол ба ғамхориву нигаҳдорӣ ниёз дорад. Манфиатхоҳӣ аз ҳисоби як маъюб, кашидани симхор ба он чаҳорчӯба аст, ки як дилшикаста то абад умеди ба мисли инсон зиндагӣ карданро аз сар бадар мекунад. Пас, мебояд зиндагии инсониро ба онҳо баргардонд! Охир мо дар асри ХХ1 зиндагӣ дорем!

Яҳё Маҳмаднабиев,

  “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.