Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гавҳар Шарафзода ба порлумон меравад

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як ҳамоиши Ҳизби халқии демократӣ аз ҳавзаи ноҳияи Ҷайҳун ба вакилии Маҷлиси намояндагон номзад  шудааст.

Ҳамчунин, номзадии Солеҳа Холова, муовини раиси шаҳри Турсунзода ба вакилии порлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода  пешбарӣ гардидааст.

 Дар ҳафтаи гузашта Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 Вай аз соли 2012 ба ҳайси вазири адлия фаъолият  дорад.

Зимнан, дар феҳристи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ки  номзадии 28 тан аз аъзои ин ҳизб пешбарӣ шудааст, исми мансабдорони дигари давлатӣ шомил гардидааст.

Масалан, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҷумлаи ин афрод маҳсуб мешаванд.

 Гуфта мешавад, ба далели маҳбубияти Ҳизби халқии демократӣ миёни мардум ва надоштани рақибони сарсахту саршинос имкони пирӯзии номзадии ин мансабдорон дар интихоботи порлумонӣ бештар арзёбӣ мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.