Гавҳараки чашм: То Мӯъминобод ҳаст, Ленин хоҳад буд!

«Мо Ленинро чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем ва то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд» — гуфтааст, зимни нишасти матбуотии ноҳияи Мӯъминобод раиси ин ноҳия Лутфия Шарифзода.

Нашрияи “Пайк” аз нишасти матбуотии ноҳияи Мӯъминобод гузорише ба нашр расонида менависад, ки пас аз он, ки раиси ноҳия аз ҳайкали Ленин ҳимоят кардааст, аҳли 300-нафараи толор аз ҷой хеста қарсак задаанд.
Ин гузоришро бознашр мекунем:

УЗВИ СОДИҚИ КОММУНИСТ ДАР ҲХДТ
ё чӣ гуна Ленинро дар Муъминобод парастиш мекунанд?

Дар охирин рӯзи нишастҳои матбуотӣ раиси тозатайини ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода дар нахустин нишасти матбуотиаш ончунон буррою боэҳсос аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия баромадашро аз рӯйи «шпаргалка» мехонд, ки агар журналистон даъвати ба саволу ҷавоб гузаштан намекарданд, шояд фурсати муайянгаштаи нишаст бо баромади хонуми раиса ба анҷом мерасид.
Бояд гуфт, барои аввалин маротиба буд, ки раиси ноҳия ба саволҳои журналистон аз чиновникҳо, масъулини соҳаҳо даъват мекард то ҷавоби дақиқ гардонанд. Воқеан ҳам, тақрибан дар ҳамаи нишастҳо барои масъулин фурсат намедоданд ба саволҳои журналистон ҷавоб гӯянд ва ҳамагӣ ба ҳамаи саволҳо худи раисон ҷавоб медоданд, агарчӣ дар зиёд маврид аз ҳаводис бехабар буданд. Нишасти раисаи ноҳияи Муъминобод ба истилоҳ навгонӣ буд, ки дигар ҳамтоҳояшро зарур аст аз ин тарзи баргузории нишасти матбуотӣ даст бигиранд.
Дар нишаст ба саволи чаро ҳайкали Владимир Ленин, поягузори револютсияи сохти сотсиалистии асри пор, то ҳанӯз дар маркази ин ноҳия барқарор мондааст, хонуми раиса гуфт:
«Мо Ленинро чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем ва то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд».
Бо садо додани ин ҷавоб золбудагон, ки наздики 300-нафар буданд, бо чаппакзании бардавом онро истиқбол намуданд.
Ба саволи оё раиса узви ҳизби коммунистанд, хонуми Лутфия гуфт, «не, ман узви ҲХДТ ҳастам, аммо ба партияи коммунистӣ ва Ленин содиқам» ва боз ҳам чаппакзании бардавом (продолжительные аплодисменты).

Вале, саволи беҷавоб ин аст, ки чӣ гуна як аъзои ҳизби дигар садоқат ба ҳизби мухталиф дошта метавониста бошад? Ва дигар ин, ки дар тамоми 15-республикаи бародар бо шумули ҳатто Русиё, ҳайкалҳои Ленинро ба пуррагӣ канда партофтанду дар як ноҳияи кӯҳистони Тоҷикистон қад афрохтани он чӣ маънӣ дошта бошад? Агар садоқат бошад, пас чаро узви ҳизби коммунист шудан намехоҳанду аъзои дигар мешаванд, ки бегумон дар мавриди зарурӣ ба он ҳизб хиёнат мекунанд, зеро содиқ нестанд. Дигар маълум нест ин мардум ҷонибдори кадом идеологияанд-комунистӣ ё ҳукумати феълӣ.

Аслиддин ДОСТИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *