Генерал ба бемористон нарасида ҷон дод

Генерал-майор Нуралӣ Шералиев, ки солҳои тӯлонӣ сардори раёсати БДА ВКД Тоҷикистон буд, шаби 27 ноябр дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Яке аз наздикони генерал  хабар дод, ки вазъи саломатии Нуралӣ Шералиев бегоҳи 27 ноябр бад шуд ва фишори хунаш якбора боло рафт. “Генералро аҳли хонавода зуд аз манзилаш дар ҷамоати “Россия” ба бемористони “Истиқлол” бурданд, вале мутаассифона, ба бемористон норасида ҷон дод”, — гуфт “-манбаъ.

Ҷанозаи генералро барои дафн ба зодгоҳаш, ноҳияи Ховалинг фиристодаанд. Наздиконаш хабар доданд, ки ҷанозаи генерал дар мазори деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба хок супорида шуд.

Нуралӣ Шералиев 23 апрели соли 1951 дар Ховалинг ба дунё омада, риштаи механикаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар муассисаи “Селхозтехника” –и ноҳияи Ховалинг ба ҳайси муҳандис, сармуҳандис ва сардори ин муассиса кор карда, соли 1991 ба мақоми муовини раиси ноҳияи Ховалинг расид. Нуралӣ Шералиев моҳи сентябри соли 1992 ба саффи Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон расид ва сардори ситоди Фронти халқӣ таъйин шуд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ, Нуралӣ Шералиев моҳи апрели соли 1993 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аз соли 1995 Нуралӣ Шералиев сардори раёсати БДА ВКД Тоҷикистон таъйин шуд ва 10 сол раҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *