Генерал ва коррупсия: кадоме зӯртаранд?

…Бандаро ба навиштани ин мақола баромади генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия водор намуд. Генерал дар сомонаи Агентӣ таъбири мафҳуми коррупсияро хеле дақиқ гуфтааст: “Коррупсия — суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст”.

Мағзи гап ҳам дар ҳамин аст ва ҳоҷат ба шарҳи минбаъдаи ин вожа намемонад. Яъне, коррупсионер бо истифода аз он мансаби давлатие, ки ба ӯ бовар карда додаанд, мехоҳад зиндагии аз дигарон болотарро соҳиб шавад. Биёед ба таври кӯтоҳ дар мисолҳо бубинем, ки коррупсия ба давлат чӣ зарар  меорад ва чаро давлат бояд муборизаро бо ин падида дар сатҳи аввал гузорад.

…Мошин ба гузаргоҳи гумрукӣ расид ва ронанда ҳуҷҷатҳои борашро ба мақомот пешниҳод намуд. Дар борхат маҳсулоте нишон дода шудааст, ки ворид намуданаш иҷозат аст. Аммо дар асл… Масъул бо як чашм пӯшида кушодан соҳиби чандсад доллар мешаваду тоҷир бо бори мамнӯъ вориди кишвар мегардад. Худо накунад, ки он бор маводи тарканда ва ё  маводе бошад, ки бевосита ба  ҳаёти шаҳрвандон таҳдид намояд. Ҳатто агар танҳо мухаддирот, доруи ва ё “хлопушка”-и одӣ бошад, ҳам ба зарари давлату мардум аст.

…Духтур пас аз муоина ба бемор мегӯяд,ки аз фалон аптека фалон доруро биёред. Чаро маҳз ҳамон аптека? Барои он ки он ҷо “оригинал” дар дигар дорухонаҳо “фалшивий”. Ин амали коррупсионӣ бовариро ба хизматрасонии тиббӣ ва духтур  барҳам медиҳад? Албатта!

…Корманди хадамоти  обрасонӣ ба соҳибхона мегӯяд: “Қарзи шумо аз об хеле калон шуда рафтааст. Аммо агар…” Пас аз ин “агар” обнӯш “магари” худро мегӯяд ва баъд аз ин “об ба лаби ҷӯй баробар мешавад”. Кӣ зарар  мебинад? Буҷа! Кӣ фоида мебинад? Маълум…Дар зеҳни шаҳрванд андешае мехкӯб мегардад,ки “бо ришва ҳама чизро ҳал кардан мумкин”.

Милиса носкашеро дар кӯча меқапад. ( Чунин ҳодиса умуман рух надодааст, аммо ин ҳам як қонуншиканист) “Дар ҷои ҷамъиятӣ кашидани нос…” “Мефаҳмам  ака…”  ва роҳгузари кайфакӣ се сомонӣ дароз мекунаду дар паси гулбуттае носашро туф карда, ба роҳаш идома медиҳад… Барои носкаш кисаи милиса аз кассаи давлатӣ чӣ фарқ дорад?

БДА манъ кард. “Чаро инаш ину ваяш он?” “Ҳамааш ҳамон…” . Ба кам рози розӣ намешавад. “Нарушенияат ба 250 сомонӣ ҷарима мекашад, Аммо биё, сабуктар кунем, ременти эҳтиётиро набастаӣ… Ман имрӯз ягон протокол накардаам… Биё, имзо мон “. Ин дафъа кам ҳам бошад, ҳам ба буҷаи давлату ҳам ба киса андаке маблағ ворид шуд. Гуфтаанд ку  “дузд бошу боинсоф бош…”

“Ака, ин ҳуҷҷатҳоят кам аст. Боз аз фалон ҷою фалон ҷо ҳуҷҷат лозим…” мегӯяд корманди шуъбаи нафақа  ба марде,ки мувофиқи синну солаш бояд ба нафақа барояд. “Додарҷон, ин қадар сол меҳнат кардаму ҳоло қувваи даводав надорам. Намешавад,ки худатон…” “Мешавад, лекин барои ин роҳкиро лозим ва боз ҳисобу китоб дорад. Хулоса, не… Худатон ҳаракат кунед”. Пас аз илтиҷои зиёд маблағи даркориро мегираду…боварии  он мардро ба Ҳукумат аз даст медиҳад.

…Зане зору гирён як халта мактубро боли миз мерезад,  ки дар онҳо дарди дилаш аз санаи аввали моҷарои хонааш дар судҳо баён шудааст ва ин идора ба он идора ирсол медораду даҳ сол боз ҳақиқат меҷӯяд. Ба саволи он ки  чаро ин тавр аст, бо як ибора ҷавоб мегӯяд: “ Пул надорам…” Боварии ӯ ба зинаҳои судӣ аз поён то боло аз байн рафтааст…

…Он мисолҳои умумие , ки овардаем, қатрачае аз баҳри коррупсия аст, ки мо дар он ғарқ шуда истодаем ва  ё аллакай ғарқ шудаем. Ҳамаи инҳо  “майдакоррупсия” аст, ки  онро имрӯз чун амри воқеӣ қабул кардаем. Аммо “калонкоррупсия” ки дар он садҳо ҳазор чарх мезананд, ба даст меафтанду  чун “қаллобӣ” парванда шуда, бо ҷарима халос мешаванд ва… аз паи нақшаи нав дар мавриди дарёфти  маблағи барои табдили ин моддаи қонун сарфшуда мешаванд.  Наход роҳи халосӣ набошад?  Наход лашкари коррупсия ҳамеша ғолиб ояд? Чаро ҳамеша “даст дастро шӯяд”.

Магар намешавад, ки даст як бор даҳони олуда ба ҳаромро ҳам шӯяд? Мешавад, агар гуфтаҳои  генералро то охир аввал худи ҳукумату сипас шаҳрвандони он дарк кунанд. Зеро, коррупсия зангест, ки фӯлодро мехӯрад. Аммо ҳукумат фӯлодӣ нест… Ба назари банда, ҷазоро дар мавриди коррупсия, махсусан вақте ки сухан оида ба маблағҳои ҳангуфт меравад, бераҳмона кардан лозим. Бас будагист, ғами коррупсионеру ҳаромхӯронро хӯрдан.

Дар Хитой бо аҳолии миллиардиаш сатҳи пасттарини коррупсия. Чаро? Барои он ки дар ин кишвар мегӯянд, ки ҷои коррупсионер ин ҷаҳон нест ва ӯро ба олами дигар мефиристанд. Накушем ҳам, аққалан дар ҷои алоҳида нигоҳ дорем, ки зарараш ба давлату мардум нарасад.

Генерал рост мегӯяд,ки “Мубориза бо фасод набояд кори сирфан як мақоми хос ва алоҳида бошад. Коррупсия зиндагии солиму амн дар ҷомеаро халалдор намуда, давлатдориро, ки олитарин навъи мавҷудияти як миллат аст, ба хатар меандозад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем”  Илова мекунем: пеш аз ҳама, сохторҳои худи Ҳукумат…

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *