Зиндониён ба коронавирус гирифтор шуданд

Дар маҳбаси занонаи рақами ЛА-155/4-и вилояти Алмаатои Қазоқистон як зани ҳомиладор ба коронавирус мубтало шуд.

Дар ин бора Озодӣ” хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ, 26-уми апрел бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ занони дар маҳбас буда, тамос гирифта, иттилоъ доданд, ки як зиндонии ҳомила ба коронавирус мубтало шудааст ва ӯро ба ҷои дигар интиқол доданд.

Ба гуфтаи маҳбусон, ин зан моҳи декабри соли гузашта ба ин зиндон интиқол ёфта буд. «Ҳамаи мо нигаронем. Ба хотири саломатии худ дар ҳаросем. Мо ҳукми қатл нагирифтаем»,-изҳор доштанд онҳо.

Дар маҳбаси вилояти Алмаато тасдиқ карданд, ки зан ҳомила аст ва шоми 25-уми апрел бо гумони гирифторӣ ба коронавирус ба беморхонаи марказии ноҳияи Илий интиқол дода шуд.

«Гирифтории ӯ ба вирус ҳангоми гирифтани озмоиш барои бистарӣ кардан дар таваллудхона ошкор шуд»,-омадааст дар иттилоияи расмии Вазорати умури дохилии Қазоқистон.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон то 26-уми апрел 2 717 кас ба коронавирус мубтало шуда, 682 кас шифо ёфтаанд. 25 бемор ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *