Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 4 миллион нафар расид

Имрӯз 8-уми май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони COVID-19 ба 3 миллиону 917 ҳазору 619 нафар расид, ки аз миқдор 1 миллиону 344 ҳазору 152 кас шифо ёфтаанд ва 270 ҳазору 720 тан фавтидаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи натиҷагирии СУТ ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 292 623 нафар), Испания  (256 855),  Италия (215 858), Британияи Кабир (206 715), Россия (177 160), Франсия (174 791), Германия (169 430), Бразилия (135 773), Туркия  (133 721)  ва Эрон (103 135) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (217 250 нафар), Испания (163 919), Германия (141 700), Италия (96 276), Туркия (82 984), Эрон (82 744), Чин (77 993), Бразилия (55 350), Франсия (55 027) ва Канада (28 972 нафар )    шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (76 928 нафар), Британияи Кабир (30 615), Италия (29 958), Испания (26 070), Франсия (25 987), Бразилия (9 190), Белгия (8 415), Германия (7 392), Эрон (6 486) ва Недерланд (5 288) шомил мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *