Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гирифторони COVID чаро дар бемористон мефавтанд? (Тавсия аз таҷриба)

Корро аз корафтода пурс гуфтаанд. Оре, ҳақ асту рост. Даврае бо бемории илтиҳоби шуш дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ будам. Ба қавле мурдаму зинда мондам.

Воқеан, бемории мазкур ваҳму ҳароси зиёд дорад, ки ҳар беморро ба он дунё мегуселонаду бармегардонад. Банда ҳам аз ҷумлаи ҳамон маризоне ҳисоб мешудам, ки гӯё дар як рӯз чанд маротиба “мемурдам”у боз аз нав “зинда” мегаштам. Шукри Худованд дар муддати 28 рӯз ба по хестам.

Духтурон мегуфтанд, ки таъминнокии оксиген дар  хунам (сатуратсия) ба 60 фоиз, лахтбандии хун 1 фоизро ташкил медиҳад. Маълум буд, ки аз чунин ҳолат раҳиданам амри маҳол аст. Бинобар ин, табибони беморхонаи шаҳрӣ тавсия медоданд, ки дар беморхонаҳои пойтахт бистарӣ шавам. Аммо ман ду пойро дар як муза андохта, розӣ намешудам. Ҳар чӣ шавад, ҳамин ҷо шавад, ки барои пайвандонам наздик аст, мегуфтам. Баъдан дидам, ки дуруст ҳам карда будаам. Ман раҳидам, аммо бародарам, ки ҳамагӣ 58 сол дошт, дар Беморхонаи бемориҳои сирояӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҷон ба Ҷаббор супорид. Чаро?

Ман тавассути ин навишта касеро ба марги бародарам гунаҳгор карданӣ нестам. Зеро хизмати духтурон дар табобати маризони илтиҳоби шуш ва коронавирус зиёд аст. Ҳадафам тавсия ба табибон мебошад, ки аз таҷриба пайдо шудааст.

Чаро ман бо оризаҳои вазнин раҳидаму бародарам, ки ҳолаташ сабук буд, фавтид?

Ҳангоми дар беморхонаи шаҳрӣ буданам, рӯзона писару духтарам ва шабона писарам дар баробари духтурон маро нигоҳубин мекарданд. Бемории илтиҳоби шуш аз ҷумлаи ҳамон бемориҳоест, ки дар бадани кас қувва намемонад, иштиҳо баста мешавад,  ҳарорати бадан баланд шуда, арақкунии зиёд рух медиҳад. Барои рафъи ҳамаи ин дар наздат нафари ғамхор зарур аст. Фарзандонам ҳамеша дар асоси тавсияи табибон ба ман ғизою нӯшокиҳои гуногуни гармро маҷбурӣ мехӯронданду менӯшониданд. Дар як рӯз чанд маротиба либосҳоямро, ки аз ҳарорати баланд ва арақ карданам тар мешуданд, иваз мекарданд. Мутаассифона, бародарам дар беморхонаи пойтахт дар ҳолати ҳузнангез қарор дошт, ҷон дод. Ҳарчанд бародарамро дар аввал илтиҳоби брон (бронхит) ва баъдан оғози илтиҳоби шуш гуфта буданд ва ӯ бо ду пойи равон ба беморхона рафта буд. Ҳафтаи аввал дар беморхона ҳолаташ бад набуд. Як ҳафта қабл аз фавт бо роҳи шиносоӣ як маротиба ба беморхона назди бародарам даромадам. Ягон ҷоям дард намекунад гуфт, вале аз чӣ буд, ки аҳволаш якбора вазнин шуд.

Беморхонаи сироятӣ гуфта касеро намемонданд, ки назди бемораш рафта лоақал каме ба ӯ хизмат кунад. Ба қавли духтурон, дигаронро аз сироятшавии илтиҳоби шуш наҷот медоданд. Аммо ин тавр набудааст. Аз бемории банда се моҳ сипарӣ шуд. Вале касе аз ҳамроҳони ман ва ё хабаргирҳоям, шукри Худо мубталои бемории илтиҳоби шуш нашуданд.

Маълум аст, ки вазифаи табибони беморхона ташхис кардан, дору гузаронидан ва дору додан аст, на сари ҳар як бемор истодану ба ӯ хӯрок хӯрондану нӯшокӣ нӯшонидан. Чунки шумораи беморон зиёд асту сафи духтурон кам.  

Чунин тарзи кор ба гумонам, саломатии бемори беҳолу бемадорро  боз ҳам вазнинтар карда, ва ниҳоят ӯро аз поё меафтонад. Ба хулосаи банда ана ҳамин аст асрори фавти беморони илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо.

Хуб мебуд, ки дар беморхонаҳои сироятӣ ва ё дигар беморхонаҳое, ки барои муолиҷаи гирифторони короновирус ва илтиҳоби шуш нигаронида шудааст, яке аз наздикони беморро иҷозат медоданд, то ин ки ба мариз кӯмак кунад, ӯро нигоҳубин карда, барои зуд ба по хестанаш дастёрӣ намояд, ба бемор дар асоси тавсияи табибон хӯроку нӯшокӣ ва дору диҳад. Ва ё аз ҳама беҳтараш мариз аз духтурони оилавӣ тавсия гирифта дар муҳити оила табобат карда шавад. Дар чунин ҳолат бовар дорам, ки сафи онҳое, ки аз короновирус мефавтанд, кам мешаваду сафи онҳое, ки ба пой мехезанду шифо меёбанд, зиёд.

И. Ҳайдарзода,

узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.