Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гирифторони ВНМО дар Левакант ба 41 нафар расид

Давоми ҳашт моҳи сипаришудаи соли равон дар шаҳри Левакант 41 нафар гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст.

Чуноне сартабиби шаҳри Левакант Аҳрор Изатуллоев, ба хабарнигори рӯзномаи Тоҷикистон иттилоъ дод, гарчанде шумораи зикршудаи гирифторони ин беморӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд нашуда бошад ҳам, аммо то кунун масъалаи пешгириву саривақт азқайдгузаронии гирифторшудагон дар марказҳои табобатӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ба ҳамагон маълумаст, ки яке аз роҳҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ алоқаи ҷинсии номаҳрамонаву беэҳтиёткорона дониста шуда, сабабгори аслии ин беморӣ муҳоҷирони маҳнатии фориғбол дониста мешаванд. Ба ақидаи табибон на ҳама вақт нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан бармегарданд, хоҳиши аз ташхис гузаштанро доранд. Ин мушкилоте мебошад, ки дар тамомоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷой дорад ва боиси нигаронӣ гардидааст.

Бояд муҳоҷирон ба манфиати онҳо будани ин корро дарк намуда, дар кутоҳтарин муҳлат ба марказҳои саломатӣ муроҷиат карда, аз ташхис гузаранд. Ин мамал боиси саривақт муолиҷа шудани худи гирифторон ва пешгирии хатари сироят ёфтани наздикон ва дигар узви ҷомеа хоҳад гашт, мегӯяд, Аҳрор Изатуллоев.

                                                                      Ҷомӣ Халифаев   вилояти Хатлон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.