Говдуздон дастгир шуданд
Барфаков Раҳимҷон ва Куралов Нусратулло шабона вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ гардида, аз дохили оғилхонаҳо чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуданд ва маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои нави ҷинояткорона мегарданд. Хабар медиҳад ВКД.
Ба иттилои манбаъ кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар асоси аризаҳои пай дар пайи сокинони ноҳия оиди дуздии моликияташон ба ШВКД ду нафар гумонбарон, сокинони ноҳияи мазкурро, ки ба дуздии чорвоҳои мардум даст задаву аз ҳисоби дигарон рӯзгори худро сомон медоданд, дастгир намуданд. Инҳо Барфаков Раҳимҷон, соли таваллудаш 1994 ва Куралов Нусратулло, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд.
Маблағи зарари расонидаашон ба сокинон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ