Говдуздон дастгир шуданд

 Аз ҷониби кормандони милитсия чор нафар ҷавонони аз 22 то 29- солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздии чорвои калони шохдор дастгир гардиданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон моҳи июли соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав як сар чорвои калони шохдори марди 79-солаи сокини ноҳияи мазкурро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин гумонбаршудагон бо ҳамин роҳ шаби 12 ба 13 августи соли равон аз чарогоҳи деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода 5 сар чорвои калони шохдори марди 29-сола ва 3 сар чорвои калони шохдори марди 30-солаи сокинони шаҳри Турсунзодаро рабудаанд. Арзиши чорвои дуздидашуда 29 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *