Гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон дар Душанбе баргузор мегардад

Президенти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо сарвазири Покистон таъкид кард, ки дар гуфтугӯҳо бо сарвазири Покистон бар қазияи Афғонистон аҳамияти хос дода шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.

“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибону тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, — гуфт Президенти Тоҷикистон.

Вай зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки вазъи кунуни дар Афғонистон нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

“Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар азиятдида пеш аз ҳама манфиатдорем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба хусус барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”, — қайд кард, Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.

“Ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар бояд бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, — зикр кард Эмомалӣ Раҳмон

“Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона, яъне аз ҷониби ниҳодҳои СММ, Салиби сурх ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд”, — илова кард Президенти Тоҷикистон

Ғайр аз ин  вай илова кард, ки Тоҷикистону Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кушишу худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *