Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд.Эътирозгарон ҷасадро ба назди Ҳукумат оварданд

Чи тавре, ки  манбаъ ба радиои Озодӣ хабар додааст, Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи Шохдараи ноҳияи Роштқалъа, дараи наздик ба Хоруғ, “дар пайи амалиёти мақомоти қудратӣ” кушта шудааст.

Мақомот рӯзи 25-уми ноябр амалиётро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ҳодиса субҳи панҷшанбе рӯй додааст. Додситонии вилояти Бадахшон дар баёнияи расмӣ гуфт, ин сокини Роштқалъа бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ – гумонбар ва таҳти ҷустуҷӯ буд.

Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид,” – омадааст дар изҳорот.

Аммо баъзе аз шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулбиддин Зиёбеков “дар роҳ аз Шоҳдара ба Хоруғ аз сараш тир хӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.” Як ҳамсуҳбати мо дар вилоят бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “мақомоти қудратӣ мехостанд, ӯро дар пайванд ба латукӯби корманди додситонии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2020 дастгир кунанд.”

“Зиёбеков ва ҳамроҳонаш 1-уми феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.” –гуфтааст додситонии вилояти Бадахшон.

Гуфта мешавад, ки  Зиёбеков ва ҳамроҳонаш “даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”

Маълум нест, чаро дар як соли гузашта амалиёти боздошти онҳо анҷом нашудааст. Аз гуфтаи як сокини Роштқаъла, “соли 2020 Гулбиддин Зиёбеков ва чанд нафари дигар корманди додситонии ноҳияи Роштқалъаро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ гӯшмол дода буданд, вале раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов масъаларо ором карда буд. Прокурор дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *