Гулнозаи 26-сола: Бо 4 фарзанд аз додарарӯсҳоям гурезонам (Видео)

Гулнозаи 26-сола бо чор кудаки хурдсолаш зиндагӣ мекунад. Ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст ва як фарзандаш маъюби гуруҳи якум аст. Аҳволе, ки ӯ дорад гиряи касро меорад.

Айни ҳол, шавҳараш дар зиндон аст ва 11 моҳ мешавад, ки алименти фарзандонашро надодааст. Гулноза ризқу рӯзиашро аз ҳисоби дузандагиаш меёбад ва як аммааш ба ӯ гоҳ-гоҳ кумак мерасонад. У илоҷи ба берун баромада кор кардан надорад, барои он ки барои фарзанди маъюбаш парастор лозим аст.

Ба гуфтаи Гулноза сабабгори аз шавҳар ҷудо шуданаш ин додарарӯсонаш мебошанд ва то ҳол ӯро таҳдид мекунанд, ки хонаи мезистаашро холӣ намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *