Гумон: дар Варзоб ҷавонзани 25-сола ҷавоҳироти тиллоӣ дуздид

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ҷавонзани 25-солаеро бо гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоии як ҷавонзани 24-сола дастгир карданд.

Тибқи иттилои манбаъ ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бо ариза ба ШКВД дар ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми июни соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзобқалъа бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *