Гумон: ноболиғи 17-сола 3-сар чорвои калони шохдорро дуздид

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 3-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *