Гумон: пешхизмати «Яккачинор» «Самсунг А-51»-ро дуздид

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, пешхизмати тарабхонаи «Яккачинор» хабар дод, ки бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар хабар омадааст, ки номбурда, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар тарабхонаи «Яккачинор» қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи миз телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-51», ки ба ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳоиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *