Гурдаи фурӯшӣ

Умеда Абдуллоеваи 29-сола, сокини ноҳияи Ёвон. Бо чор фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда ду сол аст, ки дар хонаи падар ба сар мебарад. Падараш Файзулло Абдуллоев беш аз 25 сол аст, ки маъюби гурӯҳи 2 буда ба табобат ниёз дорад. Вазъи маишии Абдуллоев танг буда бо ҳамагӣ 110-сомонӣ нафақапулӣ рӯз мебаранд. Умеда аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки падараш ин миқдор маблағро ҳам барои ба нафақа баромадан мегираду ҳам барои маъюбӣ.

-Падарам қаблан 200 сомонӣ нафақапулӣ мегирифт. Аммо   чанд муддат аз ҳамин нафақаи ночиз ҳам  тамоман маҳрум монд. Бо кӯшишу оворагиҳои зиёд дубора нафақаи падарамро  барқарор кардам. Айни ҳол ин пул барои  табобат кардан як тараф истад, ҳадди ақал  барои рӯзгузаронӣ намерасад.  Аз ҳамин сабаб барои табобати падарам мехоҳам як гурдаамро ба фурӯш гузорам, то шоҳсутуни хонадонамонро аз домони марг наҷот бахшам-мегӯяд Умеда.

Нафарони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зер занг зада, бо Умеда ё ба сомонаи Tajikistan times.com дар тамос шаванд.

Телефон барои тамос: (98) 568. 29. 22

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

48 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *