ГУРГОНИ ШАБГАРД. Касе онҳоро “шикор” мекунад?

Ҳафтаи қабл кормандони пулиси Душанбе амалиёти «Чароғаки шуълавар»-ро гузарониданд, ки дар натиҷа, 65 ҳолати истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавар ошкор намуданд. Дар натиҷа, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ қонуншиканон муҷозот шуданд.

Ҳоло аллакай дар гурӯҳе аз ронандагони пойтахт истифодаи сигналҳои овозии гӯшхарош ва чароғакҳои ғайристандартӣ ба мӯд даромадааст. Алалхусус ҳангоми шаб ин зумраи ронандагон, ки яқинан ҷавонанд, бо рондани усули махсуси худравҳо ва бароварди овозҳои гӯшхарош оромии бисёри сокинонро халалдор кардаанд.

Чунин мошинронии ин гурӯҳро метавон дар хиёбонҳои шаҳр аз қисмати якуми шаб то субҳ мушоҳида кард. Ронандагони шабгард дар сигналҳои худ, ҳатто овози гургро низ насб кардаанд, ки аз нимашаб то субҳ дар баъзе аз хиёбону кӯчаҳои шаҳр нолаи овози гург ба гӯш садо медиҳад. Ҷой доштани ин мушкилот дар пойтахт боиси нигаронӣ мебошад, зеро халал ворид кардан ба оромии дигарон хусусан дар қисмати шаб ин поймолкунин ҳуқуқи онҳо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, масъулин бояд барои ҷилавгирии ин гурӯҳ ронандагон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Ташкили амалиёти «Чароғаки шуълавар» аз ҷониби пулиси шаҳр дар замони эпидемияи коронавирус бояд дар қисмати шаб бештар ба роҳ монда шавад. Шояд бо дастгиркунинии чанде аз ронандагони худнамо ва ҷаримабандии онҳо гурӯҳи дигар даст гиранд.

Нуралӣ Карим

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *