Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Толибонро беалоқа кард

 Мувофиқи итилоъи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои пешгирии истифодабарии симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз сӯи қочоқбарону ифротиёни афғон бархе аз антенаҳои наздимарзиро хомӯш кардаанд.

Чуноне,ки масъули Хадамоти алоқа Ҳабибулло Сафолов гуфт, феълан мавҷ дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистон суст шудааст, то шаҳрвандони он тарафи дарёи Панҷ натавонанд аз симкортҳои Тоҷикистон истифода кунанд: “Ҳозир қабули мавҷ аз ҷониби Афғонистон барои истифодаи симкортҳои Тоҷикистон кам шудааст”.
Хадамоти алоқа ин иқдоми дар ҳоле пеш гирифтааст, ки қаблан муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мансурҷон Умаров гуфт, бар асоси таҳлилҳо ҷангҷӯёни “Толибон”, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор доранд, аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Номбурда қайд кард,ки бархе қочоқбарони кишвари ҳамсоя низ симкортҳои Тоҷикистонро доранд: «Вақтҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан сохторҳои Кумити давлатии амнияти миллӣ ҳолатҳои сершумори аз ҷониби гуруҳои муташаккили ҷиноӣ, аъзои созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир истифода бурдани симкортҳои беном ва бо исми шахсони бегона номнависшуда, инчунин ба Афғонистон баровардани теъдоди зиёди симкортҳоро ошкор карда истодаанд».

Дар асоси ин изҳороти Кумитаи амният Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ дархост намудааст,ки дастгоҳҳои мавҷпахшкунанда ва мавҷқабулкунандаашро аз марз ба дарунтари Тоҷикистон оранд, то имкони истифодаи симкортҳо дар Афғонистон маҳдуд гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *