Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳалокати як мард дар дохили чоҳи “Шарқи озод”

Рӯзи 2-уми март дар як чоҳи саркушодае вақеъ дар ноҳияи Фирдафсӣ наздикии маҷмааи “Шарқи озод” ҷасади марди ношинос пайдо шуд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ соати 12:15 дақиқа дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 12:30 дақиқа ҷасадро аз дохили чоҳ бароварданд.

Гуфта мешавад, ки ҳуввият ва сахсияти ҷасад то ҳол маълум нашудааст. Ба хотири маълум кардани шахсияти ҷасад  кормандони наҷот ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба гуфтаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ин дуюмин ҳодисаи аз об берун овардани ҷасади шаҳрвандон зарфи чанд рӯзи охир мебошад. Субҳи рўзи 28 феврал навбатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ба шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе хабар дод, ки  дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» — и маҳаллаи Заргар дар дохили канали дереватсионии Варзоб, як ҷасад намудор шудааст.

Соати 10:03 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса расид. Онҳо ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд. 

Маълум гардид, ки марҳум истиқоматкунандаи кўчаи Н.Додхудоев   буда, 46 сол доштааст. Пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.