Хандаи шаб

Пулчинак

Дар автобуси пуродам мусофирон якдигарро тела додаву муноқиша мекунанд. Баногаҳ аз миёнаи автобус садое баланд мешавад:
-Ҳамон аблаҳеро, ки ҳамаро тела медиҳад, аз автобус дафъ кунед!
Дар ҷавоб боз садо баланд мегардад:
-Ман аблаҳ нестам, пулчинакам.

Гап -гапи компютер

Писарбачае ба гардани падараш овезон мешавад. Падар шӯхиомез мегӯяд:
-Бачем, падаратро буғӣ карда мекушӣ. Бе падар чӣ кор мекунӣ?Писарбача мегӯяд:
-Як илоҷ карда зиндагӣ мекунам.
Ин дам писари калонии мард садо баланд мекунад:
-Ту чиҳо мегӯӣ, бе падар чӣ кор мекунем?
Падар хурсанд мешавад, ки писари калонияш ӯро пуштибонӣ мекунад, вале писар суханашро давом дода мегӯяд:
-Охир пароли компютерамонро фақат падарам медонад!

Ниқоби занбӯрпарвар

Аз занбӯрпарваре мепурсанд:
-Чаро вақти ҷамъоварии асал ба сари худ халта мекашед?
Занбӯрпарвар мегӯяд:
-Агар баъдан занбӯрҳо маро шиносанд, ҳолам бад мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *