Хандаи шаб

Рӯбардор

Зане ба дугонааш занг зада мегӯяд:
-Дугона, ту вазифаи хонагии писаратро иҷро кардаӣ?
Дугонааш мегӯяд:
-Бале, кардам.
Зан хурсандона:
-Дафтари писаратро ба ман ҳам деҳ, барои духтарам рӯбардор кунам!

Туҳфаи шавҳар

Зане аз дугонааш мепурсад:
-Мадина, шавҳарат дар зодрӯзат чӣ туҳфа кард?
Зан мегӯяд:
-Ҳо — ана он мошини дар берунистодаро мебинӣ?
Дугонаи зан ба тааҷҷуб омада:
-Мебинам…
Зан:
-Ҳамранги ҳамон мошин ду ҷуфт ҷӯроб туҳфа кард.

Сигор

Марде дар кӯча сигор мекашад. Зане наздаш омада мегӯяд:
-Ҳой мардак, айбро намедонед, дар назди кӯдакон сигор мекашед?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
-Мебахшеду ин сигорро ман аз ҳамин кӯдакон кашида гирифтам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *