Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Дарди дили бобо
Ду мӯйсафед суҳбат мекунанд, якеаш мегӯяд:
-Дар ёд дорӣ, соли 1941-ум ба мо ким — чӣ хел дору медоданд, ки дигар ба занҳо майл накунем?
Мӯйсафеди дуюм мегӯяд:
-Бале, дар хотир дорам.
Мӯйсафеди якум суханашро давом медиҳад:
-Ана ҳамон дорувориҳо нав таъсир карда истодаанд.

Торикӣ
Марде ба хона маст меояд. Либосашро аз тан мебарорад, вале ҳама ҷо хомӯшӣ. Мард ҳам хомӯш меистаду занаш ҳам. Баъди даҳ дақиқа мард мегӯяд:
-Ту кай дод заданро сар мекунӣ, ки ман дар торикӣ ҷойгаҳамро пайдо намоям?

Гурбаи зинда
Зани зебое ба мағозаи ҳайвонот даромада, ба марди фурӯшанда мегӯяд:
-Ба наздикӣ шавҳарам мурд, ман дар як хонаи калон танҳо мондаам. Ба ман ягон гурбача диҳед. Фурӯшанда дар ҷавоб:
-Мияв, мияв, мияв!

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.