Хандаи шаб

Сухани қабл аз марг

Мард:

Занакҷон, марги ман наздик, ман мемирам, аммо мехоҳам пеш аз мурданам як чизро аз ту пурсам.

Зан:

Майлаш пурсед, мардакҷон.

Мард:

Росташро гӯй занак, ягон бор ба ман хиёнат кардаӣ? Агар карда бошӣ, пеш аз мурданам қоил шав, туро бахшам.

Зан:

Яке намуред — чӣ?

Тифли арзон

Марде ба таваллудхона меравад. Ҳамшира ба наздаш баромада, мегӯяд:
-Ана писарчаатон, 3700…
Мард аз кисааш ҳамёнашро бароварда истода мегӯяд:
-Инро бинан-а, чӣ хел арзон!

Нози зани ҳомила

Зани ҳомила ба шавҳараш мегӯяд:-Дилам шашлик мехоҳад.
Шавҳар мегӯяд:
-Ҳозир рафта мехарам.
Зан мегӯяд:
-Не, ман мехоҳам, ки шашлик дуздидашуда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *