хандаи шаб

Макри мард
Зан бемор мешавад. Шавҳараш дар назди бистари ӯ мешинад. Зан мегӯяд:
-Ана тамом… Акнун дилат аз занҳо сер мешавад.
Мард гапи занашро бурида:
-Э занак, мон ҳамин гапҳоятро. Ман танҳо дар фикру хаёли ту ҳастам.
Зан боз мегуяд:
-Рост мегӯям, ҳамин ки маро бурда гӯр кардӣ, дарҳол зан мегирӣ…
Мард боз мегӯяд:
-Бас кун гуфтам, сафсата нагӯй!
Зан ин дафъа мегӯяд:
-Занат тамоми куртаҳои маро пӯшида, дар ин ҳавлӣ даврон карда мегаштагист!
Мард беихтиёр мегӯяд:
-Нее, куртаҳои ту ба вай хеле калонанд….

Худкушӣ

Марде аз зиндагӣ дилмонда гашта, даст ба худкушӣ задан мехоҳад. Ҳама чиро тайёр карда, болои курсӣ мебарояду нав банди дорро ба гардан андохтан мехоҳад, ки занаш аз дар даромада мегӯяд:
-Ту аз бекорӣ чӣ кор карданатро намедонӣ ҳа?

Хитоӣ

Марди тоҷике бо як хитоӣ дар корхонае ҳамроҳ кор мекарданд. Рӯзе ҳамроҳ дар ошхона хӯрок тановул мекунанд. Мард дар омади гап аз хитоӣ мепурсад:

-Гӯш кун, Чан, вақте атрофиён мегӯянд, ки хитоиҳо ҳамааш якхела ҳастанду онҳоро аз якдигар фарқ карда намешавад, ту хафа намешавӣ?
Хитоӣ дар ҷавоб мегӯяд:
-Ман Чан нестам, ӯ айни ҳол дар хонаамон аст, ман занаш ҳастам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *