Хандаи шаб

Табассуми ҳамсоя

Зан ба шавҳар мегӯяд:
-Гӯш кун, Карим, барои чӣ ҳамсоязан ҳар бори вохӯриямон ба ман табассум мекардагӣ шудааст?
Шавҳар дар ҷавоб:
-Ман аз куҷо медонам?!
Зан ин дафъа мегӯяд:
-Карим, дониста мон, агар ман фаҳмам, ки ҳамсоязан ба хотири ту сӯям табассум мекунад, пас, коре мекунам, ки тамоми мардони бинои истиқоматиямон сӯйи ту табассум мекунанд.

Дарахтшинонӣ

Марде дар кӯча рафта истода чуқурӣ мекобад, аз пасаш марди дигаре чуқуриҳои кофтаи ӯро маҳкам кардан мегирад. Ин амали онҳоро роҳгузаре дида, бо ҳайрат мепурсад:
-Шумо аблаҳон чӣ кор мекунед? Яке чуқурӣ мекобаду дуюмӣ онро маҳкам мекунад?
Марди дуюм дар ҷавоб мегӯяд:
-Ман дуюм нестам, ман сеюмам. Коргари дуюмамон ба кор набаромадааст, ӯ бояд ба ин сӯрохиҳо дарахт мешинонд.

Тоқат

Ду мард дар дохили мошин дар ҳавои гарми тобистон бо тирезаҳои маҳкам мераванд. Ҳавои мошин чунон гарм аст, ки тоқат кардан ғайриимкон аст. Мусофир ба ронанда мегӯяд:
-Дӯстам, тирезаро кушо, охир нафасам гирифт…
Ронанда дар ҷавоб мегӯяд:
-Тоқат кун, ҷӯра, бигзор ҳама фикр кунанд, ки мо ҳам кондитсионер дорем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *