Хандаи шаб

Айб

Дузде дар автобус даст ба кисаи марде мебарад. Мард дарҳол инро эҳсос намуда, дасти дуздро меқападу мегӯяд:
-Айба намедонӣ, дуздӣ мекунӣ?
Дузд дар ҷавоб мегӯяд:
-Ту худат айба намедонӣ, як мардаки калон дар кисаат 5 сомонӣ ҳам надорӣ.

Тоқат

Ду мард дар дохили мошин дар ҳавои гарми тобистон бо тирезаҳои маҳкам мераванд. Ҳавои мошин чунон гарм аст, ки тоқат кардан ғайриимкон аст. Мусофир ба ронанда мегӯяд:
-Дӯстам, тирезаро кушо, охир нафасам гирифт…
Ронанда дар ҷавоб мегӯяд:
-Тоқат кун, ҷӯра, бигзор ҳама фикр кунанд, ки мо ҳам кондитсионер дорем!

Мор

Зан аз шавҳар мепурсад:
-Мардак, ту намедонӣ, ки ҳамин морҳо чанд сол умр мебинанд?
Мард дар посух:
-Ҳа, бемор шудӣ чӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *