Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷанги зану шавҳар
Зану шавҳар муноқиша мекунанд. Зан бо гиря мегӯяд:
-Дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам, ба хонаи падарам меравам.
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
-Рав, мана ин пул роҳпулият.
Зан пулро гирифта мегӯяд:
-Эээ, ин пул барои аз он тараф омадан намерасад- ку!

Пароли телефон
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
-Зудтар мошини ёрии таъҷилиро даъват кун, ба фикрам ман сактаи дил шудам!
Зан телефони мардро гирифта мепурсад:
-Пароли телефонат чанд аст?
Мард дар посух:
-Шуд, лозим нест, ба фикрам, сар дод, ҳолам хуб шуд…

Шарти шавҳар
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
-Ба занам ангуштарии бриллиантдор харидам. Ду ҳафта боз бо ман гап намезанад.
Дӯсташ ҳайрон шуда мепурсад:
-Наход ангуштарии брилиантдорро гираду боз гап назанад?
Мард мегӯяд:
-Шартамон чунин буд, дӯстам!

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj