Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Пули таъмир
Муаллима ба толибилмон мегӯяд:
-Бачаҳо, фаромӯш накунед, аз падару модаратон 50 сомонӣ барои пули таъмири синф биёред.
Яке аз талабаҳо мегӯяд:
-Боз 50 сомонӣ?
Муаллима мегӯяд:
-Ба ман 30 сомонӣ диҳед, кифоя аст. Натарсед, агар волидонатон пурсанд, ман мегӯям, ки 50 сомонӣ ҷамъ кардам! Хайр, ҳама ба хона!

Иштибоҳ
Марде ба таваллудхона омада, аз хамшираи шафқат мепурсад:
-Ҳолати занам чӣ хел аст?
Ҳамшира мегӯяд:
-Мутаассифона, занатон ҳангоми таваллуд аз дунё гузаштанд.
Мард ғамгин гашта, бо оҳистагӣ ба сӯи баромадгоҳ меравад. Баногаҳ ҳамшираи шафқат аз қафояш давида мегӯяд:
-Бахшиш, ман ғалат кардаам! Зани шумо зинда, сегоник таваллуд кардааст.
Мард даст афшонда мегӯяд:
-Не акнун, мурда бошад, мурдан гирад!

Марди хасис
Марди хасисе пеш аз марг аз наздиконаш мепурсад:
-Занам ҳамин ҷост?
Занаш садо мебарорад:
-Бале, мардак ҳамин ҷоям.
Мард боз нолишкунон мепурсад:
-Фарзандонам канӣ?
Фарзандон бо як овоз:
-Мо ҳам дар инҷоем, падар.
Мард ин дафъа мегӯяд:
-Пас, барқи ошхона барои кӣ фурӯзон аст?

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.