Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Саги гапзан
Марде ба назди девори ҳамсоя омада, дарвозаашро тақ-тақ мекунад. Касеро намебинад, боз тақ-тақ мекунад. Хомӯшӣ. Ин дам аз ҷониби дигари девор саге пайдо шуда, бо забони одамӣ мегуяд:
-Чӣ тақ-тақ мекунӣ? Намебинӣ дар хона касе нест.
Мард талхакаф шуда, аз ҳуш меравад. Чашмонашро кушода ҳамон сагро дар болои сараш дида мегӯяд:
-Ҳой саг, магар ту аккос зада наметавонӣ?
Саг дар ҷавоб:
-Метавонам. Ман туро тарсонидан нахостам.

Арӯси мӯйсафед

Марди 82-солае ба назди табиб омада мегӯяд:
– Духтур, ман ҳафтаи дигар боз зан мегирам!
Духтур дар ҷавоб:
– О, беҳтарин! Арӯс чандсола аст?
Мӯйсафед:
– 18-сола.
Духтур:
– Бояд шуморо ҳушдор намоям, ки серҳаракатии аз ҳад зиёд метавонад оқибати нохуш ба бор орад!
Мӯйсафед дар ҷавоб:
– Бигзор мурдан гирад, боз зан мегирам!

Моиндар

Ҷавоне бо рафиқаш вомехӯрад. Рафиқаш мепурсад:Шунидам, ки Манижаи дӯстдоштаат туро партофтааст. Рост аст?
Ҷавон мегӯяд:
-Рост…
Рафиқаш маслиҳатомез:

Ту ба вай мегуфтӣ, ки падарат сарватманд асту дар дами марг қарор дорад…
Ҷавон мегӯяд:

Ман ҳамин тавр гуфтам… акнун Манижа моиндари ман шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.