Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Савдо

Марде аз бозор картошкаро бо нархи 1.5 сомонӣ харида, дар назди хонааш  60 дирамӣ мефурӯшад. Назди дарвозааш ҳамеша одами зиёд ҷамъ мешаванд. Савдогарони дигар омада, аз ӯ мепурсанд:

-Акои Собир, чаро картошкаро қимат харида, арзон мефурӯшед?

Собир дар ҷавоб мегӯяд:

-Қимативу арзониашро намедонам, вале ҳамин анбуҳи одамонро дар назди ҳавлиям дида, кайф мекунам.

Имтиҳон

Падар аз писар мепурсад:

-Имтиҳонҳоятро чӣ гуна супоридӣ?

Писар:

-Беҳтарин! Профессорон ба ваҷд омада, хоҳиш намуданд, ки дар фасли тирамоҳ як бори дигар такрор кунам.

Меҳмон

Модар аз духтарчаи хурдсолаш мепурсад:

-Духтарҷон, меҳмонҳо рафта истодаанд, чӣ гуфтан лозим аст?

Духтарча мегӯяд:

-Худоба шукр!

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.