Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Гап гапи капитан!

Аскари қаторӣ ба прапоршик муроҷиат мекунад:Рафиқ прапоршик, тимсоҳ мепарад?

Прапоршик:

Саидов ақлатро хӯрдаӣ, дар куҷо дидаӣ, ки тимсоҳ парвоз кунад?

Аскари қаторӣ:

Рафиқ капитан гуфтанд, ки мепарад…

Прапоршик:

А… капитан гуфта бошад… дуруст мегӯяд, тимсоҳ мепарад… вале паст — паст…

Бибӣ аз он дунё

Майор сарбозро даъват карда мепурсад:

-Аскари қаторӣ Давлатов, шумо ба вуҷуд доштани он дунё бовар доред?

Аскар ҳайрон шуда мегӯяд:

-Нафаҳмидам, рафиқ майор.

Майор мегӯяд:

-Ба назди шумо бибиятон, ки ду ҳафта пеш ба ҷанозааш рафта будед, хабаргирӣ омадааст.

Мактуби аскар

Аскар ба завҷааш мактуб менависад:

-Ба ман 230 сомонӣ пул лозим аст, барои сигор ва ғайраҳо.

Занаш дар ҷавоб менависад:

-Ба ту 30 сомонӣ барои сигор мефиристам ва ғайраҳо дар хона бе пул туро интизор аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.