Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Зиракӣ

Ҷавоне ба рафиқаш мегӯяд:
-Ҳамин духтарон бисёр зираканд — а?
Рафиқаш мепурсад:
-Зиракияшонро дар чӣ мебинӣ?
Ҷавон мегӯяд:
-Ҳар қадаре Иди 8 март наздик шавад, ҳамон андоза зудтар ба паёмакҳоят ҷавоб менависанд.

Моли падар

Рӯзи 8-уми март ҷавони ошиқе ба таги тирезаи дӯстдоштааш омада, дод мезанад:
-Гулсара, ҷонакам, ту танҳо аз ман ҳастӣ!
Ба ҷои духтари дӯстдоштааш падари ӯ аз тиреза каллаашро бароварда мегӯяд:
-Ҳой ҷавон, Гулсара вақте аз ту мешавад, ки пули телефон, пули таҳсил, пули либосу хӯрок ва пули интернеташро пардохт намоӣ. Ҳозир бошад, Гулсара аз ман аст!

Занам иҷозат намедиҳад

Марде ба мағозаи ҷавоҳирот медарояд. Духтарак –фурӯшанда мегӯяд:
-Дар арафаи иди 8 март мо 20% тахфиф дорем. Барои духтари дӯстдоштаатон ягон туҳфа гиред. Мана овезаи гарданбанд ба дӯстдоштаатон писанд меояд.
Мард хеле ғамгин:
-Ман духтари дӯстдошта надорам …
Фурӯшандадухтар бо умеди ҷалб сохтани мард мегӯяд:
-Шӯхӣ накунед, Наход чунин марди зебову қоматбаланди дидадаро духтари дӯстдошта надошта бошад. Сабаб чист?!
Мард боз ҳам ғамгинтар мегӯяд:
-Занам иҷозат намедиҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.