Хандаи шаб

Зани Ҳасан мешавам

Муаллима аз Ҳасан мепурсад:

-Ҳасанҷон, калон шавӣ, кӣ мешавӣ?

Ҳасан:

-Муаллима, падарам дар кони тилло кор мекунанд. Он кас ба хона ҳар рӯз тилло меоранд. Ман мактабро, ки тамом кардам, он тилллоҳоро мефурӯшам ва миллионер мешавам. Баъд зан мегирам. Аз сари занам тангаву тилло мерезам. Барои занам қасри боҳашамат месозам.

Муаллима:

Хеле хуб, Ҳасанҷон, акнун ту шин! Канӣ, Фарҳодҷон аз ҷой хеста ба ман гӯй, ки ту кӣ мешавӣ?

Фарҳод:

-Ман зани Ҳасан мешавам!

Аблава

Муаллиме аз талаба мепурсад:

-Ман медавам, ту медавӣ, вай медавад, кадом замон аст?

Талаба:

-Замони аблава муаллим.

Модарам савдо мекунад

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

— Саид, модарат барои 2 килограмм себ чанд пул бояд диҳад, дар ҳоле, ки 1 кг себ 2 сомонӣ бошад?

Талаба: 

— Чизе гуфта наметавонам, муаллима, модарам ҳамеша нархро арзон мекунад.

Омӯзгор дар рафти дарс аз толибилмон мепурсад:

Парандагони барои саломатӣ фоиданок кадомҳоянд?

Толибилм: 

— Бирёнаш, муаллима.

Аз мактаб безорам

Писарбачае аз мактаб омада мегӯяд: 

— Тамом, дигар ба мактаб намеравам! 

— Чаро?- мепурсанд аз ӯ.

Писарбача мегӯяд: 

— Хондану навишта наметавонам, гап заданро бошад, ба ман иҷозат намедиҳанд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *