Хандаи шаб

Автобуси беронанда

Ду донишҷӯ барои таҳсил ба Хитой мераванд. Боре падаронашон ба хабаргирии онҳо рафта, аз назди фурудгоҳ ба як автобуси дуошёна савор мешаванд. Якеаш дар ошёнаи якуми автобус ва марди дигар дар ошёнаи дуюми автобус нишаста, ба ҷойи даркорияшон мераванд.  Вақте ҳар ду аз автобус мефароянд, марди аз ошёнаи якуми автобус фаромада, ба марди дигарӣ, ки ранги рӯяш кандагӣ меистод, мепурсад:

-Ба шумо чӣ шуд?

-Мард дар ҷавоб мегӯяд:

-Хайрият, ки роҳ рост буд, чунки автобус ронанда надошт.

Гӯшти дирӯза

Марде ба бозор рафта, нархи гӯштро мепурсад. Фурӯшанда мегӯяд:

-Нархи гӯшт қимат шуд, дирӯз 36 сомонӣ буд, имрӯз 38 сомонӣ.

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

-Ба ман аз гӯшти дирӯза диҳед.

Мурғи шиновар

Марде ба хонаи ҳамсояаш рафта, мурғи ҳамсояро дуздида, ба хонааш меорад. Нав парҳои мурғро канданӣ мешавад, ки ҳамсоя аз дараш даромада мегӯяд:

-Ҳамсоя, чӣ кор мекунед?

Мард саросема шуда, мурғро ба даруни об партофта мегӯяд:

-Мурғатон оббозӣ дорад, ман либосашро қапида истодаам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *