Хатари тарма дар Хоруг

Тақрибан аъзои 200 хонавода дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода гуфтааст,аксари ин афрод сокинони маҳаллаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав ва Моёншо Назаршо буда, «хавфи фаромадани тармаи бузург ба болои манзилашон вуҷуд дорад». 

Вай гуфт,,бархеи сокинон дар хонаи дӯстону наздикон ва аъзои ду оила дар марказҳои созмондодаи онҳо дар мактабу ниҳодҳои фарҳангӣ ҷойгир шудаанд.

«Дар маҷмӯъ, беш аз 650 нафар дар чунин ҳоланд. Мо барои пешгирӣ аз талафоти зиёд ҳангоми фаромадани тарма онҳоро кӯч додем. Ҳоло тарма нафаромадааст, вале хавфаш боқист. Беҳтар аст, сокинон чанд рӯз дар манзилҳояшон набошанд», — гуфт ӯ.Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, дар чанд рӯзи гузашта бориши барфи шадид боис ба фурӯрезии боми 25 манзили сокинон шуда, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ низ ба далели «дар маҳалли хатар буданаш» дафтари худро муваққатан бастааст. ​Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон 13 нафар ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки танҳо дар моҳи январи имсол дар кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст. Аз ҷумла, 152 ҳолат дар Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *