Хатлон. Фавти ҳафт зани ҳомила дар шаш моҳ

Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ҳафт ҳолати фавти занони ҳомила сабт шудааст. Сабабҳои фавти занон ин беморию беаҳамиятӣ дар давраи ҳомила ва паст будани шароити иқтисодии онҳо гуфта мешавад.   

Райҳона Мирзоева, директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳафт ҳолати фавти занон ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, бо бешатар кардани корҳои оммафаҳмонӣ миёни занон ва гузаронидани корвони саломатӣ фавт нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам шудааст. “Дар шаш моҳи соли 2019-ум 10 фавт доштем. Имсол ин ба 7 ҳолат коҳиш ёфтааст”, -афзуд вай.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, сабаби асосии фавти занони ҳомила, ин беморӣ, камтаваҷҷуҳӣ, риоя накардани фосила байни таваллуд ва паст будани сатҳи иқтисодӣ аст.  

 Соли сипаригардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 17 ҳолати фавти занони ҳомила ба қайд гирифта шуда буд. Дар натиҷа чанд табиб ҷазо гирифт ва чанд нафари дигар аз кор озод карда шуданд. 

Машраби Аловиддин 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *