Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хатлон: Фавти 17 зани ҳомила дар як сол

Соли 2019 дар вилояти Хатлон 17 ҳолати фавти занони ҳомила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2018-ум 3 ҳолат зиёд аст.

Райҳона Мирзоева, директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон гуфт:

«Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 17 ҳолати фавти модар ҳангоми таввалуд сабт шудааст, ки нисбасти соли 2018 се ҳолат зиёд аст».

Манбаъ сабаби асосии фавти занони ҳомиларо дар саривақт муроҷиат накардани онҳо ба табибон, бемории камхунӣ, фишорбаландӣ ва норасоии мутахассисони соҳаи тиб унвон мекунад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо аз 17 ҳолати фавти занони ҳомила 3 ҳолат дар ноҳияи Қубодиён рух додааст. Аммо дар ҳамин ҳол, Нормурод Ойматов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки соли 2019 мо дар ноҳия шаш ҳолати фавти занони ҳомиларо ба қайд гирифтем, вале ду ҳолати он берун аз ноҳия аст.

Файзуллозода Каримҷон, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён низ ба шаш ҳолат расидани фавти занони ҳомиларо тасдиқ кард.

«Қисме аз деҳаҳои ноҳия аз марказ то 50 километр дур ҷойгиранд. Дар чанде аз марказҳои саломатии деҳотӣ мутахассисон намерасанд. Аз ҳисоби норасоии мутахассисон мо маҷбурем ҳафтае то ду маротиба барои муоинаи сокинон мутахассисонро аз марказ ба деҳаҳо равон кунем. Ҳоло дар се маркази саломатии деҳотӣ норасоии мутахассисон ҷой дорад, ки ин барои мо табибон мушкилӣ эҷод мекунад», — афзуд ӯ.

Аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба 17 ҳолат расидани фавти занони ҳомиларо тасдиқ карда гуфтанд, ки бештар аз ҳама, яъне шаш ҳолати фавти занон дар ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа Сардухтури беморхонаи марказӣ, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва директори Маркази солимии репродуктивии ноҳия аз вазифа озод шуда, ба чанд табиби дигар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷазо дода шуд.  

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”  

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.