«Хатлон» пас аз 15 сол ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад

Дирӯз, 23-юми сентябр, дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бошгоҳи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан вориди майдони рақобат шуданд.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Нерӯсанҷии тимҳо шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи «Хатлон» анҷом ёфт.

Ҳарду голи ин дидор дар қисмати дуюми рақобат зада шуданд. Голи аввалро дар дақиқаи 47-ум футболбози «Хатлон» – Кароматулло Саидов тавассути зарбаи пеналтӣ ба дарвозаи «Истаравшан» ворид намуд. Голи дуюми «Хатлон»-ро дар дақиқаи 75-уми дидор Худойдод Узоқов ба самар расонида, ғалабаи дастаашро бо натиҷаи 2:0 таъмин кард.

Пас аз ин пирӯзӣ дастаи «Хатлон» ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Акнун бошгоҳи «Хатлон» дар финал бо тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, роҳи худро ба финали Ҷоми Тоҷикистон боз намуда буд.

Финали Ҷоми Тоҷикистон санаи 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Дастаи “Хатлон” пас аз 15-сол ба бозии финалӣ роҳ ёфт.

Охирин маротиба онҳо соли 2005 ба финал баромада буданд. Дар он финал «Хатлон» бо дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯ ба рӯ шуда, аз рӯйи зарбаҳои пеналти шикаст хӯрда буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Равшан» аввалин намоянда аз Лигаи якум мебошад, ки дар финали мусобиқа ширкат меварзад.

Дастаи «Равшан» бори охир 26 сол муқаддам, яъне соли 1994 ба даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта буд. Дар он вохӯрӣ «Равшан» бо тими «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор рақобат карда, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Маҳмадназар Наҷбудинов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *