Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хатнаи кӯдакон дар хона пурра манъ карда мешавад

Бознашр аз Ховар

Бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо супориш дода мешавад, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли равон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баён доштанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ин мавзӯъро пайгирӣ намуда,  бо  сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ РАҲМАТУЛЛОЕВ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Лутфан мегуфтед, ки имрӯз дар муассисаҳои кумаки аввалияи  тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавриди гузаронидани хатна чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Ш. Раҳматуллоев: Бояд гуфт, ки дар ду соли охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хатнаи кӯдакон    таваҷҷуҳи  хеле зиёд зоҳир ва пайваста ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   тағйиру иловаҳо қабул шуда буд,  ки дар моддаи 9 ин қонун чунин омадааст:    «Хатна  бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида  шавад».    Баъд аз ин тағйиру иловаҳо    мо ба муассисаҳои тиббӣ   супориш додем,  ки  кӯдакони то бистрӯзаро ҷарроҳони кӯдакона танҳо дар  сатҳи статсионар    хатна кунанд, чунки  организми тифли навзод хеле нозук аст.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои кумаки аввалияи   тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 451 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил  карда  шудаанд.  Ин дар ҳолест, ки тайи  7  моҳи  соли  2018 дар кишвар  ба  33 144  нафар  кӯдакон амалиёти  хатна  ба  таври  ройгон  гузаронида  шудааст. Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсуси ҷарроҳӣ барои гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон ба таври ройгон маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017   рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира инчунин  фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018   оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018   «Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон»  ва аз 2 июли соли 2018   «Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхати таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон» ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Ба анҷом расонидани амалиёти хатна ройгон аст?

Ш. Раҳматуллоев: Бояд гуфт, ки қаблан хатна кардани кӯдакони  то 1- сола дар муассисаҳои тиббӣ  ба таври ройгон ба роҳ монда шуда буд. Барои хатнаи кӯдакони  баъди 1-сола аз рӯи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600  як маблағи муайян муқаррар ва пардохт мешуд. Айни ҳол гузаронидани хатна дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, новобаста ба синну сол комилан ройгон ба роҳ монда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Дар муассисаҳои тиббӣ ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда барои амалиёти хатна чӣ гуна таҷҳизонида шудаанд?

Ш. Раҳматуллоев: Дар марказҳои саломатии шаҳрии шаҳри Душанбе ва шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ҳисоби ҳуҷраҳои захмбандии тоза ҳуҷраи махсус барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда шуда, онҳо бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда, коагулятори (корди) барқӣ барои гузаронидани хатна, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва ҷарроҳони кӯдаконаи пуртаҷриба таъмин карда шудаанд.  Инчунин бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди рӯҳиву равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо телевизор, бозичаҳо ва расмҳои гуногун оро дода шудаанд.

Дар сатҳҳои беморхонагӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ) шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд,  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон таъмин карда шуда, дар онҳо ҷарроҳони кӯдакона фаъолият доранд. Гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус дар сатҳи баланд ба роҳ мондани амалиёти хатна дар муассисаҳои тиббӣ фаъолияти густурда роҳандозӣ намудааст.

АМИТ «Ховар»: Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш супориш доданд, ки минбаъд дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад. Барои аз байн бурдани фаъолияти устоҳое, ки хатнаро дар хона анҷом медиҳанд, чӣ корҳо ба сомон расонида мешаванд?

Ш. Раҳматуллоев: Бале,   то ҳол   ҳастанд нафароне, ки бар хона устои касбӣ оварда, хатнаи фарзанди худро анҷом медиҳанд.  Аммо онҳо намедонанд, ки чунин амал ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад. Хатна кардани кӯдак дар утоқҳои  махсусе, ки дар ҳама муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранду дар онҳо тамоми талаботи санитарӣ риоя карда мешавад, албатта, беҳтар аст.

Ҳозир шумораи ками устоҳои касбӣ мондааст.  Баъд аз супориши Сарвари давлат   мо тасмим гирифтем, ки    то 1 январи соли 2019   аз тарафи устоҳои касбӣ дар хона хатна карданро  пурра манъ  кунем.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.