Хатсайри нави сайёҳӣ: Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе аз 18 то 21 сентябр хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ мемонад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи хатсайри нави сайёҳӣ муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар мебошад.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни хатсайри нави сайёҳӣ дар масири Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе дар баробари тамошои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мавзеъҳои табиии Бадахшон, назири қалъаҳои «Қаҳқаҳа», «Ямчун», «Вамар» ва чашмаҳои шифобахши «Гармчашма» ва «Авҷ», инчунин дар конфронси миллии сайёҳӣ, ки дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодии кишвар» дар ноҳияи Ишкошим доир мегардад, иштирок намоянд.

Иштирокдорон ҳамзамон бо имконоти сайёҳию саноатии ноҳияи Дарвоз шинос мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *