Хиёбон, стипендия ва Ҷоизаи ба номи Беҳзод дар Ӯзбекистон

Бо дастури Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев яке аз хиёбонҳои шаҳри Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод номгузорӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар Ӯзбекистон стипендия ва Ҷоизаи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзод таъсис хоҳад ёфт, ки ба шахсони фарҳангӣ ва илмии кишвар эъто мешавад. 

Ин ташаббусҳои наҷиби Президенти Ӯзбекистон дар доираи таҷлили солгарди 565-уми Камолиддин Беҳзод аст, ки бо фармони Шавкат Мирзиёев имсол дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Камолиддин Беҳзод, бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории “Монии Сонӣ”  ва дар Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро  “қоиди мусаввирон”, “ягонаи  замона”  ва “нодири даврон” ном бурдаанд.

Камолиддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот – Амир Руҳуллоҳ Мирак тарбия ёфта, маҳорати  худро такмил медиҳад ва охири солҳои 70 асри 15 дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб ва мусаввирӣ машғул мешавад.

Фарҳод Асроров, ш. Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *