Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хиёнат ба амонат. Чаро соҳаи таълиму тарбия ба ду по мелангад?

Фасоди молиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз боғча оғоз гашта, то макотиби олӣ реша давонидааст, ки мутаассифона, дар решаканнамоии ин падидаи номатлуб ҳама оҷизанд. Ба гуфтаи теъдоде аз омӯзгорон, пардаи тиреза, латтаву бӯри синфхона ва дигар ашёи синфхонаҳо аз ҳисоби хонандагон харидорӣ мегардад. СТОП!

Соле қабл атрофи мавзӯи мазкур матлаберо ҳамчун дастурнома пешниҳоди волидайн карда, ба таваҷҷуҳи онҳо расонида будем, ки: Аз соли 2004 қарори ҷорӣ намудани меъёри сарикасӣ дар сохторҳои муассисаҳои таълимотии кишвар ба тасвиб расид ва он аз соли 2007 то инҷониб дар мактабу кӯдакистонҳою боғчаҳои томактабӣ амал дорад. Бино ба гуфтаи масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи имкониятҳои молиявӣ ҳамасола меъёри мазкур афзоиш меёбад.

Меъёри сарикасӣ ин мустақилияти молиявӣ касб кардани муассисаҳои таълимотист, ки бино ба тарҳу сметаи тартибдодашудаи раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ, дар асоси пешниҳодоти ниҳодҳои таълимӣ муқаррар мегардад ва ҳар мактаб муҳосиби худро соҳиб аст. Тибқи меъёри ҷорӣ, дар асоси маблағи ҷудогашта ашёву музди меҳнат ва дигар хароҷот пешбинӣ шудааст. Аммо…

Бале, мутаассифона баъзе аз сарварони таълимгоҳҳо меъёри муқарраргаштаи давлатиро хусусӣ гардонидаанд. Рӯшантар агар ифода кунам, маблағро ҳазми ҷиғилдони худ мегардонанд. Синфхонаҳо холӣ аз таҷҳизотанд ва омӯзгор аз директор ҳаққи талаб карданро надорад ва дар анҷом водор мешавад ҳатто пули бӯр ва латтаи тахтаро ҳам аз хонандагон талаб кунад. Чизи дигар он аст, ки аксари сарварони мактабҳо наздикону пайвандонашонро, ки аз кӯчаи муҳосибӣ нагузаштаанд, ба кор мегиранд, ки дар фарҷом чунин ғайримутахассисин даргоҳи таълимиро олуда бо фасоди молиявӣ мегардонанд. Ба хотири соҳибтахассус гардонидани муҳосибони мактабҳо Вазорати молияи кишвар курсҳои омӯзиширо роҳандозӣ кардааст, ки он то андозае дар соҳибмаърифатии молиявии муҳосибон ва пешбурди оқилонаи ҳисобу китоб мусоидат намудааст.

Маҳз чунин “худшиносиҳои” теъдоде аз сарварони мактабҳост, ки омӯзгорону мураббиёни ғайриихтисос низ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд. Худ ба ин рақамҳо, ки Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, қазоват кунед:  1346 нафар бо таҳсилоти олии ғайрипедагогӣ, 771 нафар олии нопурра, 1472 нафар миёнаи касбии ғайрипедагогӣ ва 2792 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Чунин амалкард теша бар решаи илму маориф задан нест магар?

Тавре дар боло ишора кардам, Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат, ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва маҳз  ҳамин сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, ки то ҷое соҳаи таълиму тарбия рушд кардааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020, дар қатори дигар аз кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф низ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд.  Яъне, дар сиёсати созандаи Сарвари давлат  соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок эътироф шудааст ва маблағгузорӣ ба ин соҳаи созанда давра ба давра дар ҳоли рушду афзоиш аст.  Масалан, дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 млрду 689 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Ба андешаи  Сарвари давлат, “Маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин самт пешқадам дар як саф қарор дорад”.

Хуб, 15 фоизи замшуда ба маоши омӯзгорон чӣ миқдор аст ва оё он метавонад дар таъмини зиндагии шоистаи омӯзгорон мусоидат кунад? То андозае, бале! Рӯ меорем ба маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муассисаҳои томактабӣ — мураббиён аз 729 ба 838 сомонӣ, ёрдамчии мураббӣ аз 460 ба 529 сомонӣ зиёд карда шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, музди меҳнати директор аз 805 ба 926 сомонӣ (то 12 соат сарбории омӯзгорро ҳуқуқ дорад), омӯзгори маълумоти олӣ (тахассуси дараҷаи олӣ, бо 20 соати дарсӣ, синфҳои ибтидоӣ) барои 1 ставка – аз 896  ба 1030 сомонӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, иловапулиҳо барои мудири кабинет 10%, роҳбари синфӣ 15%, санҷиши корҳои хаттӣ 20% ба музди меҳнати омӯзгор пардохт карда мешавад. Музди меҳнати омӯзгор барои 1 ставка бо дарназардошти иловапулиҳо 1493 сомониро ташкил медиҳад. Фикр мекунам чунин муқаррарот барои омӯзгороне, ки дар деҳот ба сар мебаранд, кофист. Зеро омӯзгори деҳотӣ дар ихтиёр замини президентиву наздиҳавлигӣ ва боғу токзор дорад. Аммо омӯзгороне, ки дар пойтахт зиндагӣ доранд, барои эшон пешбурди рӯзгор бо чунин маош хеле мушкил аст. Ба замми ин, имрӯз дар бозору мағозаҳо нархи молу маҳсулот дучанд боло рафтааст, ки коршиносон омили чунин болоравиро таҳмили коронавирус ва баста будани роҳу сарҳадот маънидод мекунанд.

Ҳамагон хуб огаҳанд, ки соҳибкорӣ дар кишвар имрӯз ягона воситаи рушд бахшидан ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар аст. Аксар аз муассисаҳои замонавии таълимӣ, ки дар сартосари кишвар ва шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд, маҳз бо ташаббус ва саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Хуб мебуд, агар теъдоде аз соҳибкорон ҷиҳати таъмини омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт бо маҳсулоти хӯрока, саҳми худ мегузоштанд. Набояд фаромӯш кард, ки рушди мактабу маориф дар маҷмӯъ рушди кишвар аст.

Чун  атрофи мушкилоти соҳаи маориф ва печдарпечиҳои соҳаи мазкур сухан равад, теъдоде аз омӯзгорон, ки бо кордонию шахсияти вазири тозатаъини Вазорати илм ва маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода аз наздик ошноанд, хулоса мекунанд, ки вазири нав саҳифаи тозае хоҳад кушод дар китоби ин ниҳод ва он саҳифа орӣ аз ҳар гуна ришваситонию ришвадиҳӣ хоҳад буд ва беҳтарин кадрҳои соҳа ба кор ҷалб гашта, аз шароити хуб баҳравар хоҳанд гашт. Ростӣ, ки ҳоло барвақт аст қарс задану хушҳолӣ кардан, бо гузашти вақт хоҳем баҳогузорӣ кард, ки вазири тозатаъин қодир ба чӣ кор аст. Дунё ба умед! Чанде пеш хабаре тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, ки аз ин ба баъд  таъини масъулини шуъбаҳои маориф дар шаҳру навоҳиро Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда хоҳад дошт. Чунин амалкард аз ислоҳтгароӣ дар ин соҳаи муҳим гувоҳӣ медиҳад. Қаблан мудирони шуъбаи маориф аз ҷониби раисони шарҳу навоҳӣ интихобу таъин мегаштанд, ки аксари омӯзгорон аз чунин шеваи интихоби кадрҳо нороҳатӣ мекарданд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ки дар таъини масъулини соҳаи маориф дар шаҳру навоҳӣ ноадолативу ёру ошнобозиҳо, ришвадиҳиву дигар падидаҳои номатлуб амалӣ мегаштанд, ки дар маҷмӯъ ба пешрафти соҳа таъсири манфӣ мегузошт: Беҳтарин кадрҳо пушти дар мемонданду тарошаҳои аз бомафтода соҳибвазифа мегаштанд. Бовар дорам, ки агар иқдоми мазкурро вазири навтаъин ба даст гирад, нафс саркӯб мегардад ва шояд беҳтарин кадрҳо рӯи кор оянд. 

Аввалин устодам шодравон Холмат Мунавваров пайваста мегуфтанд, “Шумо, шогирдони азиз, ҳамчун амонат дар дасти мо омӯзгоронед ва моро лозиму зарур аст, то асло ба амонат хиёнат накунем!”

Пас, ҳар омӯзгору устоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ва Вазорати илм ва маорифи кишварро лозим аст, то дар хубтару беҳтар кардани сатҳу сифати таҳсилот ва татбиқу амалинамоии усулҳои нави таълим аз худ пешдастиву иқдом нишон диҳанд. В-агар не, он гоҳ яқин аст, ки хиёнат ба амонат шудааст, дигар ҳеҷ!

Муҳиддин ИДИЗОДА,

махсус барои “Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj