Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хизмати ҳарбӣ 1,5-сола мешавад

Ба хотири аз байн бурдани «облава» хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5-сола мешавад. Дар ин бора муовини вазири адлия Абдуманнон Холиқов дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонун дар бораи поён бурдани муҳлати артиш аллакай пешниҳод шудааст. «Лоиҳаи қонун равон карда шуд, ки дар он мехоҳанд мӯҳлати хизмати артишро ним сол кам намуда, ба якуним сол баробар кунанд. Мо  барои аблаваро аз байн бурдан, аввал муҳлати хизматро кам мекунем», — таъкид намуд муовини вазир.

Ва инчунин мавсуф афзуд, ки ин танҳо пешниҳод аз ҷониби вазорати мудофиа аст, ки қабули он вақт талаб мекунад.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Мухамадзода 07.02.2020 19:10

    Барои чи якуним як сол бояд шавад .
    Аз ним сол кам кардани мухлати хизмат ягон чи тагир намеебад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.